Маркази миллии тестӣ барои беш аз 22 ҳазор нафар довталабон озмуни тақсимоти такрорӣ доир мекунад

Июль 30, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои ба дастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад. 

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 холӣ мондаанд,  дар якчанд нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   ба роҳ монда мешавад.  Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.

Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар даври асосии озмуни тақсимот  57 ҳазору 988 нафар довталабон ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатро  аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон (аз ҷумла синфҳои 9 ва 11) пайдо намуданд.

«Соли равон ба Марказ беш аз 96 ҳазор довталаб, яъне (82 ҳазору 718 нафар хатмкардаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 хатмкардаи синфи 9) ҳуҷҷат супориданд, ки аз ин шумора дар имтиҳонҳо 80 ҳазору 942 хатмкунандагон иштирок намуданд. 22 ҳазору 470 довталабе, ки аз озмун нагузаштаанд, имкон доранд аз 12 то 15 август дар даври  озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд»,- гуфт Замира Абдусаломзода.

Мавсуф зикр намуд, ки Марказ баъд аз даври озмуни тақсимоти такрорӣ шумораи пурраи довталабони ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохилшударо дар соли 2022 нашр менамояд. Соли 2021 тавассути ММТ қариб 70 000 довталабон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июль 30, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд