Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд озмуни «Дунёи рангини кӯдакон»-ро эълон менамояд

Июль 13, 2022 08:42

СУҒД, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои давраи таътили тобистона бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, рушди малакаву маҳорат ва қобилияти зеҳнӣ, инчунин самаранок истифода намудани давраи таътили тобистона озмуни навбатии фосилавии «Дунёи рангини кӯдакон»-ро эълон менамояд, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд.

Озмуни мазкур байни ду категорияи синну солӣ: кӯдакони синни хурдсоли мактабӣ синфҳои 1-4 ва хонандагони синфҳои 5-9 аз рӯи шартҳои видеоролики беҳтарин, акси беҳтарин, расми беҳтарин ва эссе дар мавзӯъҳои «Чӣ тавр ман давраи таътилро сипарӣ намуда истодаам», «Мо — кӯдакони насли хушбахти Истиқлол», «Истеъдоди ман», «Дар оғӯши табиати биҳиштосои диёр», «Машғулиятҳои муфиди ман дар давраи таътил» ва  «Китоб — маъвои хирад» баргузор мешавад. Маросими қадршиносии ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли озмун 23 августи соли равон доир мешавад

Иштирок дар озмуни мазкур озод буда, хонандагон аз ҳар минтақаи Тоҷикистон метавонанд ширкат намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд видеоролик (дар хаҷми то 5 дақиқа), акс (бо телефон ва ё дастгоҳи аксгиранда гирифташуда, аз ҳар довталаб то 5 акси ифодакунандаи мавзӯи озмун), расм (то 3 дона доир ба мавзӯъ бо қалами ранга, акварел, ранги равғани иҷрошуда ба андозаи формати А4 ва А3), эссе (доир ба мавзӯи пешниҳодшуда дар ҳаҷми 1-2 саҳифа) -и худро то 20 август тариқи почтаи электронии: mtiv-sugd@mail.ru, саҳифаи фейсбукии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва ё шабакаҳои иҷтимоии вотсап, вайбер, имо, инстаграм, телеграм ба шумораи телефонҳои 928181072, 929727688, 928881100 ирсол намоянд.

Тибқи Низомнома аз ҳар бахш 5 нафари ғолибон, дар умум 40 нафар беҳтаринҳо муайян карда шуда, бо туҳфаҳои арзишманд ва диплому сипосномаҳо қадршиносӣ карда мешавад.

АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

Июль 13, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид