Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ ба Шумо табрикоту таманниёти самимии худро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам ирсол менамоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо миёни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо чӣ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва чӣ дар сатҳҳои шарикии бисёрҷониба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд ташаккул ёфтаанд, ки фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ хоси онҳо мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими минбаъдаи ин муносибатҳо буда, ба ояндаи онҳо диди нек дорад.
Итминон дорам, ки дар оянда низ мо бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории муфиди байнидавлатиамонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, ба зинаҳои боз ҳам болотар хоҳем баровард.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент.
Шарафмандам, ки аз номи худ ва мардуми Ветнам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 июли соли 1992) таманниёти неки худро ирсол медорам.
Хурсандибахш аст, ки бо гузашти 30-соли ташаккул ва рушд, дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории неки байни Вйетнам ва Тоҷикистон ҳарчи бештар таҳким ва инкишоф меёбанд.
Мо, ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, доимо аҳамияти муҳим медиҳем. Бовар дорем, ки бо мавҷудияти иродаи нек ва қатъияти сиёсии ду ҷониб ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар оянда низ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду халқ ва ба хотири сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон босамар роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодату муваффақиятҳои беш аз пеш дар мансаби шарофатмандатон таманно дорем».








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






