Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз ноҳияи Ашт боздид намуд

Июль 28, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба  ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, дар якҷоягӣ бо  Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини якуми Вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода ва муовини Раиси вилоят оид ба масоили кишоварзӣ Зариф Мирдадо нахуст аз хоҷагии давлатии зотпарварӣ ба номи Туйчӣ Эрйигитов боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

Муовини Сарвазир вобаста ба вусъат додани корҳо дар соҳаи обёрӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани замин, инчунин зиёд намудани истеҳсоли пашм ва саршумори чорво ба масъулин дастуру тавсияҳо дод.

Ҳамзамон боздид  дар хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» идома ёфт, ки бунёдгузораш соҳибкорони ватанӣ- бародарон Махсудҷоновҳо мебошанд. Хоҷагии мазкур то ҳол 120 тонна ҳосили ангурро ба хориҷа содирот намудааст ва ин раванд давом дорад.


Дар идома меҳмонон бо нашъунамои пахтаи ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Ашт шинос гардиданд ва барои баланд бардошти ҳосилнокӣ тавсияҳо дода шуд.

Баъдан ҳайат аз ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии ҷӯроббофӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуд. Коргоҳи мазкур дар шафати роҳи «Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон» бунёд гардида, аллакай таҳкурсигузорӣ оғоз шудааст.

Шӯҳрат Муҳаммадзода ба меҳмонон иттилоъ дод, ки баъди ба истифода додани коргоҳ 200 нафар бонувон аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар 3 баст ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд. Сулаймон Зиёзода ба масъулин дастур дод, ки сифати маҳсулот бояд мувофиқ ба стандарти ҷаҳонӣ бошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

Июль 28, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд