Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар/. Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Шӯро иштирок карданд. Ҷаласа 13-14 июл дар Тошканд баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Бюро оид ба стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоён роҳбарӣ кард.
Ҷаласаро муовини Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Илҳом Неъматов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки 30 сол пеш, моҳи марти соли 1992 ба имзо расидани Созишнома дар бораи сиёсати ҳамоҳангшуда дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар ҳаёти иқтисодии ИДМ рӯйдоди муҳим ва заминаи ҳуқуқии таъсиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гардид.
Тайи ин солҳо Шӯро муваффақона амал кард. Ба шарофати саъю кӯшиши якҷояи кишварҳои ИДМ ва Шӯро имкон фароҳам омад, ки ба масъалаҳои стандартизатсия, метрология ва сертификатсия муносибати умумӣ нигоҳ дошта шаванд ва ин дар навбати худ ба рушди иқтидори содиротии давлатҳои аъзо мусоидат кард.
Мутобиқи Қарори Шӯрои Иқтисодии ИДМ аз 18 марти соли 2022, дар доираи барномаи чорабиниҳои ИДМ мукофотонидани лауреатҳо ва ғолибони озмуни Ҷоизаи ИДМ-2021 барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ баргузор гардид. 18 ташкилот аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирокчиёни финали озмун буданд. 10 ташкилот, аз ҷумла ҶДММ «Ҷавонӣ»-и Тоҷикистон Ҷоизадор (Лауреат) гардида, 8 ташкилоти дигар, аз ҷумла ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» соҳиби диплом шуданд.


Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, фаъолияти комиссияҳои илмӣ-техникӣ ва тақвият додани робитаҳои илмӣ-техникӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар ин раванд намояндагони мақомоти минтақавии соҳавӣ ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои худро оид ба такмил додани ҳамкорӣ изҳор намуданд.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии «Тоҷикистандарт»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






