Нисфи хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе муваффақона бо кор таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо, зиёда аз нисфи хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе муваффақона бо кор таъмин мешаванд. Дар ин бора директори иҷроияи филиали Донишгоҳи мазкур Рустам Ғаниев 27 июл зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2022 иттилоъ дод.
Директори иҷроия иброз дошт, ки бо кор таъмин намудани хатмкунандагон пас аз таҳсил на танҳо барои донишҷӯён, балки барои ҳар муассисае, ки хатмкунандагони он соҳиби диплом гардидаанд, яке аз самтҳои муҳим маҳсуб мешавад. Фаъолият дар самти бо кор таъминкунӣ ва самтгирии касбии хатмкунандагон аз ҷониби мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, мутахассисони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ва шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналхалқӣ ва таъбу нашр, инчунин мудирони кафедраҳо амалӣ карда мешавад.
Зикр шуд, ки донишҷӯёни Филиал аз рӯйи шаш равия: математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва лингвистика» таълим мегиранд.
Ҳамаи барномаҳои таълимии зикргардида аз аккредитатсия гузашта, ташхиси мазмун ва сифати омодагии таҳсилгирандагон тибқи шаш барномаи таълимӣ (дараҷаи бакалавриат) анҷом дода шудааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






