НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро калонтарин гармхонаи шаҳри Норак дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас надорад?
НОРАК, 20.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак доир ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Зимни нишаст ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД ҷиҳати ба таври пурра фаъолият накардани калонтарин гармхонаи аз замони Шӯравӣ боқимонда, ки айни замон аз ҳаққи истифодаи неруи барқ зиёда аз 10 миллион сомонӣ қарздор буда, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши асосӣ надорад, Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода посух гуфт.
«Ин гармхона ҳоло фаъолият дорад, вале бинобар он ки сохташ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин карданаш душвор мебошад. Мо ба хотири ба таври пурра фаъолият намудан гармхонаи мазкурро ба фурӯш гузоштаем. Дар сурати аз ҷониби соҳибкорони муваффақ харидорӣ шудан боварии комил дорем, ки ин гармхона дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузорад», — тавзеҳ дод Дилшод Асозода.
Зимни нашасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз қабили 8 адад бинои маъмурӣ, 8 адад муассисаи таълимӣ, 6 адад муассисаи табобатӣ, 5 адад майдончаи варзишӣ, 20 адад корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз гардида, як корхонаи истеҳсоли қуму шағал, муассисаи томактабии рақами 9 дар маҳаллаи Тутқавул ва хатти оби нӯшокӣ ба масоҳати 2,5 км ба истифода дода шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






