Нуриддин Саид: Барои табодули таҷриба мутахассисони сатҳи байналмилалиро ба Тоҷикистон даъват менамоем

Июль 26, 2022 14:09

ДУШАНБЕ, 26.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони радио ва телевизион аз ҷониби Академияи ВАО ба Тоҷикистон мутахассисони сатҳи байналмилалӣ даъват карда мешаванд. Дар ин бора 26 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Раиси Кумита Нуриддин Саид иброз дошт, ки «дар ин самт бо Академияи ВАО корбарӣ ҷараён дошта, ояндаи наздик барои баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон мутахассисони маъруфи ҷаҳонӣ даъват ва ба гузаронидани дарсҳои амалӣ ҷалб мешаванд».

«Дар доираи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» чанд нафар кормандон барои табодули таҷриба ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Онҳо маҳз ба омӯзиши ихтисосҳое, ки дар дохили кишвар ба роҳ монда нашудаанд, ҷалб карда мешаванд», — гуфт Нуриддин Саид.


Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» 10 машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, дар он 115 нафар кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионию радиои марказӣ ва минтақавӣ, инчунин матбуоти даврӣ иштирок намуданд ва ба 84 нафар гувоҳнома (сертификат) супорида шуд.

Академия дар оғози соли равон аввалин маротиба барномаҳои такмили ихтисосро дар шакли китоби алоҳида таҳия намуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2022 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид