Нусратулло Давлатзода: «Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101,8 фоиз таъмин гардид»

Июль 14, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2022  нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузошта шудааст, ба андозаи 101,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 7 млрд 149,4 млн сомонии пешбинишуд  ба буҷети давлатӣ 7 млрд 278,5 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод.

Мавсуф ҷорӣ гардидани имтиёзҳо ва кам кардани меъёри андозҳоро яке омилҳои таъмин гардидани нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи авали  соли равон  ном бурд.  Бино ба гуфти ӯ, ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз бештар намудани   имтиёзҳо, ин аст, ки андозсупорандагон даромади худро шафофтар давра ба давра нишон диҳанд ва аз «иқтисоди пинҳонӣ» берун бароем.

«Инчунин  тадбирҳои андешидашуда  ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа, тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ имкон доданд, ки сарфи назар аз пасттар гардидани меъёри навъҳои алоҳидаи андоз натиҷаҳои назаррас  ба даст оварда шавад», — илова кард ӯ.

Нусратулло Давлатзода дар идома изҳор дошт, ки мақомоти барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста чораҷӯӣ менамоянд. Дар айни замон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар шашмоҳаи якуми соли равон зиёда аз 9,6 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ошкор ва шахсони дохлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда,нисбат   ба онҳо ба маблағт 101,7 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ тадбиқ гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

                                                      

Июль 14, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд