ОБУ ҲАВО: Аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Июль 19, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст, дар водиҳо 39+44 дарҷа гарм ва ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дарҷа гарм мешавад. Инчунин  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарми пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои софи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  софи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.

Июль 19, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд