ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои водигӣ ҳаво то 40+45 ва ҷанубии Тоҷикистон то 47 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои водигӣ ҳаво то 40+45 ва ҷанубии ҷумҳурӣ то 47 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 27+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






