ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво 39+44 дараҷа гарм мешавад

Июль 20, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ ҳаво 39+44 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои софи бебориш  пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  софи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.

Июль 20, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш