ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳафтаи равон дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон то 45+48 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона дар водиҳо 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, 19-23 июл бо сабаби ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад. Инчунин 19-20 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Тавре муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 19 то 24 июл дар вилояти Хатлон ҳаво шабона то 33 дараҷа гарм ва рӯзона то 47+48 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд дар ин рӯзҳо шабона ҳаво то 25 дараҷа ва рӯзона то 41+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби ВМКБ ҳаво шабона 25 дараҷа ва рӯзона 40 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияи Дарвоз гармии то 43 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе гармии ҳаво шабона 25+26 ва рӯзона то 44 дараҷа дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






