Олимони тоҷик алайҳи коронавирус даво ихтироъ кардаанд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла «ҷорубак» алайҳи COVID-19 дору ихтироъ карда шудаст, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Президенти Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.
Бино ба гуфти академик Раҳимӣ, танҳо пас аз гирифтани патент дар бораи доруи ихтироъшуда маълумоти муфассал дода мешавад. Феълан танҳо маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла — растании «ҷорубак» омода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус гуфта буд, олимони ҷумҳурӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.
Вай таъкид намуда буд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани масунияти бадан ё худ иммунитет (маҷмӯи аксуламал, ки ба муҳофизати организм аз ангезахои сироят нигаронида шудааст) мусоидат мекунанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли равон дар кишвар ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Яке аз омилҳои ҷой надоштани коронавирус ба сатҳи баланди ваксинагирӣ рабт дода мешавад, ки барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






