Палатаи ҳисоб: «Дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид»
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Палатаи ҳисоб дар нимсолаи якуми соли равон 89 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ муайян намуданд, ки теъдоди чорабиниҳои аудиторӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба миқдори 53 адад кам ва қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида ба маблағи 75,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод имрўз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,9 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 9,1 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 456,6 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 65,3 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 52,1 млн. сомонӣ пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 15 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 1,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 157,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 66,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 85,1 млн сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2 фоизи маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таъмини назорат вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои аудиторӣ дар 3 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа дар Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак»-и назди Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби риоя нагардидани қонунгузории андоз, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 60,9 ҳазор сомонӣ муайян гардид, ки пурра ба буҷет барқарор карда шуд.
Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки дар робита ба такмили методологӣ дар давраи ҳисоботӣ як қатор стандартҳои миллӣ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии аудит таҳия ва мавриди истифодаи кормандон қарор гирифт. Ҳамзамон 37 стандартҳои байналмилалии аудит ҷиҳати дар амал татбиқ намудан дар фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб маъқул дониста шуда, мавриди истифода қарор дорад.
Зикр шуд, ки айни ҳол дар Палатаи ҳисоб бо мақсади ҷорӣ намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ барномаи электронии аудит ва ҳуҷҷатгузории электронии дохили идоравӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд шуруъ аз соли оянда як қисм чорабиниҳои аудиторӣ тариқи фосилавӣ амалӣ мегарданд.
Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






