ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон беш аз 180 корхонаву коргоҳ бо фароҳам овардани қариб 4 ҳазор ҷойи кор бунёд шуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба беш аз 19 млрд сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 117,3 фоизро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 137 корхона бо 1296 ҷойи кор ва 47 коргоҳ бо 2501 ҷойи кор, дар маҷмӯъ 184 корхонаву коргоҳ қариб бо 4 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 42 корхона, Хатлон- 43 корхона, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 корхона, шаҳри Душанбе- 13 корхона ва дар ВМКБ 9 корхона бунёд гардидаанд.
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи саноат зиёда аз 2,4 млрд сомониро ташкил дод.
Бино ба гуфти Вазир, таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Зикр шуд, ки корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар ин давра ба маблағи 6,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба 122,4 фоиз ва ё 1,2 млрд сомонӣ расонидаанд. Аз ҷумла, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти и самти соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои «Зарафшон», «Ширкати металлургии Анзоб», ҶДММ «ТВЕА», «Душанбе саноати кӯҳӣ» ва «Тиллои тоҷик» нақшаи истеҳсоли маҳсулотро барзиёд иҷро намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад






