Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Июль 21, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аҳамияти ба таври мунтазам баргузор намудани Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро зикр карда, рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкории минтақавиро дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории таърихӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлати мо таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзиро бахусус таъкид намуданд. Тамоюлҳои таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар минтақа ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ ба сифати таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният номида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа қайд карданд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба таҳкими ҳамоҳангӣ миёни хадамоти махсус ва эҷоди механизмҳои мушаххаси муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ даъват ба амал оварданд.

Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи тиҷорат, равобити зичи ҳамгироёна, инчунин рушди иқтидори нақлиётию транзитии минтақа ва такмили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли мол, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди фаъолияти фазои умумии фарҳангию гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварданд. Зарурати таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа дар инкишофи фанҳои амалӣ, рушди минбаъдаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ташвиқу тарғиби муштараки мероси моддию ғайримоддии фарҳангӣ ва табиии мардумони кишварҳои минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ қабул гардиданд.

Ҳамчунин Қарори сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи ба муҳлати як сол тамдид намудани ваколатҳои Президенти ФБНА муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Сарони давлатҳо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намуданд.

Иштирок дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21.07.2022

Июль 21, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд