Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинону фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд

Июль 29, 2022 14:01

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар маркази ноҳияи Шуғнон вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо фаъолони ноҳия баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

Мақсади вохӯрӣ шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Мурғоб иштирок намуданд ва доир ба афзун намудани майдони кишти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Дар интиҳо чанд нафар сокинон аз ҷумлаи  фаъолону собиқадорони меҳнат, инчунин Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода омодагиашонро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати  вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Июль 29, 2022 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд