Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинону фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар маркази ноҳияи Шуғнон вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо фаъолони ноҳия баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Мақсади вохӯрӣ шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Мурғоб иштирок намуданд ва доир ба афзун намудани майдони кишти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар интиҳо чанд нафар сокинон аз ҷумлаи фаъолону собиқадорони меҳнат, инчунин Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода омодагиашонро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ баён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон










Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






