Раиси «Тоҷикматлубот» гуфт, кай нархи пиёз дар бозорҳои кишвар поин меравад
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон бояд дар арафаи зимистони соли ҷорӣ сурат бигирад, зикр кард дирӯз Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, чунин пешгӯӣ дар асоси натиҷаи санҷиши бозор, бо назардошти ниёзи мардум ба ин маҳсулоти кишоварзӣ ва суръати истеҳсоли он ҳосил гардидааст.
Ҳоло истеъмолкунандагон барои як кило пиёз ҳудуди 6-8 сомонӣ пардохт мекунанд. Нархи нав ҳанӯз эълон нашудааст.
«Ҳоло ман гуфта наметавонам, ки мо дар моҳи сентябр бо кадом нархҳо картошка ва пиёз харидорӣ мекунем, аммо итминон дорам, ки арзиши он коҳиш хоҳад ёфт», — тазаккур дод Ҳусейн Идиев.
Дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба имкониятҳои нигоҳдории меваю сабзавот Раиси «Тоҷикматлубот» изҳор дошт, ки дар саросари ҷумҳурӣ муассиса дорои 47 анбор ва 3 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ буда, дар онҳо асосан картошка ва пиёз ҳар кадоме 700 — 800 тонна нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳусейн Идиев иброз дошт, ки «мо аз моҳи сентябр захира мекунем ва зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзиро дар анборҳову сардхонаҳо нигоҳ медорем».
Ӯ дар мавриди иллати болоравии нархи пиёз аз афзоиши ҳаҷми содироти ин зироати кишоварзӣ ном бурд. Қаблан дар ин давра пиёз дар бозорҳо на беш аз 3 сомонӣ барои як кило арзиш дошт.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






