Раиси «Тоҷикматлубот» гуфт, кай нархи пиёз дар бозорҳои кишвар поин меравад

Июль 23, 2022 11:57

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон бояд  дар арафаи  зимистони соли ҷорӣ сурат бигирад, зикр кард дирӯз Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев, зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, чунин пешгӯӣ дар асоси натиҷаи санҷиши бозор, бо назардошти ниёзи мардум ба ин маҳсулоти кишоварзӣ ва суръати истеҳсоли он ҳосил гардидааст.

Ҳоло истеъмолкунандагон барои як кило пиёз ҳудуди 6-8 сомонӣ пардохт мекунанд. Нархи нав ҳанӯз эълон нашудааст.

«Ҳоло ман гуфта наметавонам, ки мо дар моҳи сентябр бо кадом нархҳо картошка ва пиёз харидорӣ мекунем, аммо итминон дорам, ки арзиши он коҳиш хоҳад ёфт», —  тазаккур дод Ҳусейн Идиев.

Дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба имкониятҳои нигоҳдории меваю сабзавот Раиси «Тоҷикматлубот» изҳор дошт, ки дар саросари ҷумҳурӣ  муассиса дорои 47 анбор ва 3 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ буда, дар онҳо асосан картошка ва пиёз ҳар кадоме 700 — 800 тонна нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳусейн Идиев иброз дошт, ки «мо аз моҳи сентябр захира мекунем ва зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзиро дар анборҳову сардхонаҳо нигоҳ медорем».

Ӯ дар мавриди иллати болоравии нархи пиёз аз афзоиши ҳаҷми содироти ин зироати кишоварзӣ ном бурд. Қаблан дар ин давра пиёз дар бозорҳо на беш аз 3 сомонӣ барои як кило арзиш дошт.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2022 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид