Раиси вилояти Суғд аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент боздид намуд
СУҒД, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Дашти Қозӣ дидан ба амал овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бояд гуфт, ки ба ин мавзеъ хатти оби полезӣ кашида шуда, 200 гектар замини санглоху бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид карда шудааст. Бо обёрии мавзеи Дашти Қозӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Зарафшон дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент масоҳати боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ васеъ гардида, хоҷагидорон ба боғпарварӣ машғул ҳастанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо деҳқонон таъкид намуд, ки бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шавад. Инчунин бо корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Сомониён», «Дашти малла», «Бозори Баён», «Саврак -Ато» шинос шуда, барои истифодаи самараноки замин, гузаронидани кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавсияҳо дод.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Панҷакент яке аз мавзеъҳои зебоманзари вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, деҳқонони асили ин диёр барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меҳнати сарҷамъона доранд.

Соли равон кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 14929 гектарро ташкил намуда, 2103 гектар кишти шолӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Панҷакент 64 миллиону 222 сомониро ё 100,7 % -ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ аз садди муҳофизатии дарёи Зарафшон дар деҳаҳои Сӯҷина ва Озодагон боздид намуда, бо лоиҳаи соҳилмустаҳкамкунии дарёи Зарафшон низ шинос гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






