ШУМОРАИ АҲОЛИИ УЗБЕКИСТОН БА 35,6 МИЛЛИОН РАСИД. Дар Тоҷикистон сокини 10-миллиона ба дунё меояд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар/. Ба ҳолати 1 июли соли 2022, шумораи аҳолии доимии Узбекистон беш аз 35,6 миллион нафарро ташкил дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии омори Узбекистон.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 1 июли соли 2022 шумораи аҳолии доимии ҷумҳурӣ 35 миллиону 603 ҳазору 443 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора занон 17 миллиону 690 ҳазору 386 нафар ва мардон 17 миллиону 913 ҳазору 57 нафарро ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки то 1 июли соли 2022 шумораи мардон дар байни аҳолии доимӣ нисбат ба занон 222 671 нафар зиёд аст.
Мавриди зикр аст, ки Узбекистон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷои 43-юм ва дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ баъд аз Русия (145 805 947 нафар) ва Украина (43 192 122 нафар) дар ҷои сеюм қарор дорад. Масоҳати кишвар 173,351 километри мил (448,962 километри мураббаъ) буда, ба он зичии аҳолӣ 186,87 нафар дар як мил мураббаъ (72,02 аҳолӣ дар як километри мураббаъ) рост меояд. Ин бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ буда, зиёда аз 40% аҳолии минтақаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти СММ, то 1 июли соли 2022 аҳолии Қазоқистон 19 миллиону 145 ҳазору 243 нафар, Қирғизистон 6 миллиону 700 ҳазору 871 нафар, Туркманистон 6 миллиону 201 ҳазору 943 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ (пас аз Узбекистон ва Қазоқистон) ҷои сеюмро ишғол мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, шумораи аҳолии Тоҷикистон дар аввали соли 2017, 8 миллиону 769 ҳазору 221 нафар буда, афзоиши солона 2,24 фоизро ташкил дод. Бо дарназардошти он, ки афзоиши миёнаи солонаи аҳолии Тоҷикистон аз соли 1998 беш аз 2 дарсадро ташкил медиҳад, бо итминон метавон тахмин кард, ки сокини 10-миллионаи кишвар дар даҳаи дуюми моҳи июли соли 2022 таваллуд мешавад. Инро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.
Аҳолии доимии Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ — аввали соли 2023 ба 10 миллиону 129 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора дар Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гуфта мешавад.
АКС: UzReport








Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид






