Сироҷиддин Икромӣ ва Михаил Бэк татбиқи самараноки Лоиҳаи минтақавӣ оид ба мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории дуҷониба оид ба татбиқи Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug), роҳбари Лоиҳаи мазкур Михаил Бэк дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи асосии Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон»-и Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) ин дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ буда, Амонатбонк ҳамчун шарики боэътимод дар ин самт ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мондааст.
Дар мулоқот ҳамзамон роҳҳои татбиқи самараноки лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, мусоҳибон доир ба механизми амалӣ намудани он пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






