Сироҷиддин Муҳриддин дар Тошканд аз пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ ёдовар шуд

Июль 29, 2022 16:20

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Тошканд иштирок кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ бо тамаркуз ба аҳаммияти ҳамкории сиёсӣ дар доираи СҲШ, минбаъд тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби «ҳаштгона»-ро зикр намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки ба тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кард.

Дар ин замина Вазири корҳои хориҷӣ аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти Душанбе дар хусуси таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуд.


Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастҷамъона дар ин самт таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин зарурати анҷом додани корҳо оид ба рӯйкардҳои муштаракро ҷиҳати таҳияи феҳристи ягонаи ташкилоти террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ дар доираи СҲШ, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзо манъ аст, таъкид намуд.

Зимни ҷаласа ҳамчунин вазирон раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 15-16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, инчунин лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷиҳати ба имзо расонидан дар натиҷаи саммити дарпешистода пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, раванди музокиротро оид ба дархости давлатҳо барои касби мақоми узвият дар СҲШ муҳокима карданд.


Ҷонибҳо лоиҳаи Эъломияи самарқандии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба баррасии роҳбарони давлатҳо пешниҳодшударо ҳамчун асос қабул карданд.

Аз рӯйи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои вазирон 16 қарор ба имзо расид.

Зимнан, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар арафаи ҷаласа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфта шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 29, 2022 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд