Сироҷидин Икромӣ: «Сатҳу сифати хизматрасониро ба мизоҷ беш аз пеш баланд бардоред»

Июль 9, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандони «Амонатбонк» дар мулоқоти Раиси Раёсат бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки мазкур дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ инчунин ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҷ. Ҳақназарзода оид ба бурду бохти фаъолияти Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар соли равон ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бо таҳлилҳову пешниҳодҳо гузориш дод. Инчунин маълумот аз натиҷаи нишондиҳандаҳои марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар монитор тавассути рўнамо пешкаши иштирокчиён гардид.

Зикр шуд, ки дар навоҳии тобеи марказ 10 филиал бо теъдоди 107 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 2 хазинаи шабонарузӣ ва 2 -адад бегоҳирӯзӣ ба аҳолии навоҳии тобеи марказ хизматрасонии гуногуни бонкӣ мерасонанд.


Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ, аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохти маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ҷиҳати зиёд намудани пайвастнамоӣ бо СМС-паёмак, истифодаи барномаи Амонат-мобайл, интернет-банкинг ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва тақвияти мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар беҳтарин марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои «Амонатбонк» дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла маркази хизматрасонии бонкии /МХБ/ №683 филиали №10-и «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор, МХБ-и №693-и филиали №14-и «Амонатбонк» дар шаҳри Ваҳдат, МХБ №685-и филиали №13-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ бо «Ифтихорнома» қадрдонӣ гардиданд.

Дар анҷом Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бори дигар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъмини хизматрасониҳои саривақтӣ ба мизоҷон ба роҳбарони филиалҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июль 9, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.4600 то 10.6582 сомонӣ муқррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2700 то 9.2800 сомонӣ муқррар шудааст