ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июл, ҷумъа, 182-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 1, 2022 08:00

1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро  баррасӣ намуданд.

***

8 сол пеш, 1 июли соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуда, бо ёдоварӣ таъкид намуданд, ки «болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард».

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардид.

1 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Руанда – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Чин– Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони андоз.

РӮЙДОДҲО:

1 июли соли 2009 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Украина дар бозии финалии Чемпионати Аврупо оид ба футбол иштирок намуданд.

***

1 июли соли 2010 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 хати барқи «Варзоб-Айнӣ», ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.

***

1 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.

***

1 июли соли 1875 Иттифоқи байналмилалии почтаҳо ба фаъолият шурӯъ намуд.

***

75 сол пеш аз ин, 1 июли соли 1947 Созмони байналмилалии кумак ба гурезагон дар назди СММ таъсис дода шуд.

***

1 июли соли 1966 Франсия аз Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) баромад.

***

1 июли соли 1994  Бразилия пули миллиашро аз крузейро ба реал иваз кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2010 бо Фармони Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведов шаҳрванди Тоҷикистон  Абдуғаффор Қурбонов бо ордени интернатсионалистӣ «Барои хизмат ба Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, дараҷаи III» қадрдонӣ карда шуд. Дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳури Тоҷикистон маросими супоридани ҷоиза баргузор гардида, ҳамзамон зикр шуд, ки «ҳамватани мо бо ин ҷоиза соли 1989 қадрдонӣ шудааст ва он ҳоло қаҳрамони худро пайдо кард».

***

Соли 1982 ИМА ва Франсия аввалин моҳвораи ҷустуҷӯкунанда ва наҷотдиҳандаро ба кайҳон равон карданд.

***

Соли 2000 дар Аврупо дарозтарин пул сохта шуд, ки Шветсияро бо Дания мепайвандад.

Июль 1, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад