ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июл, панҷшанбе, 202-юмин рӯзи соли 2022 аст

Июль 21, 2022 08:00

21 июли соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расидаанд.

***

21 июли соли 2010 таҳти раёсати Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба татбиқ гардидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ машварат баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон дар бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд.

21 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.

***

Дар Гуам — Рӯзи озодӣ.

***

Дар Панама — Рӯзи кудакон

РӮЙДОДҲО:

21 июли соли 2011 Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

***

21 июли соли 1822 аввалин империяи Мексика таъсис ёфтааст.

***

21 июли соли 1983 дар истгоҳи «Восток»-и Антарктида   ҳарорати пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки он −89,2 °C-ро  ташкил дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1959 дар ИМА аввалин киштии коммуналии атомии «Саванна» ба об сар дода шудааст.

 

Июль 21, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш