ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июл, якшанбе, 184-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 3, 2022 08:00

3 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

9 сол пеш, 3 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дар бар мегирифт.

 3 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.

 ***

Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

3 июли соли  2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

***

3 июли соли 2014 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

***

86 сол пеш, 3 июли соли  1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.

***

3 июли соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Марокашро имзо намуданд.

***

3 июли соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ қабул гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1886  муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.

***

Соли 1915  дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

***

Соли 1928  аввалин телевизор ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари амрикоӣ арзиш дошт.

Июль 3, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд