ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, панҷшанбе, 188-умин рӯзи соли 2022 аст
7 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.
***
9 сол пеш, 7 июли соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.
7 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.
***
Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.
***
7 июли соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
***
268 сол муқаддам, 7 июли соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.
***
7 июли соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани ҷанг қарор қабул намуд.
***
7 июли соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари америкоиро ташкил дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони Эстония интихобот сурат гирифтааст.
***
Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.