То ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 1000 мактаби нав месозанд
ДУШАНБЕ, 20.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шаванд. Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар шаш моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд. Чунин иттилоъ дода шуд 19 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баён дошт, то 1 сентябри соли равон дар пойтахт 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар айни замон дар қаламрави мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.
Шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ 696 адад буда, дар 6 моҳи соли 2022 10 муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Файзобод ба истифода дода шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд






