«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Дар Бохтар шакли хурди намоиши мазкур ифтитоҳ ёфт

Июль 18, 2022 15:11

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто»-и шаҳри Бохтар шакли хурди намоиши «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 29 июл идома меёбад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, шакли хурди намоиши «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ба тариқи сайёр 1 август дар шаҳри Кӯлоб ва 8 август дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Намоиши мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

Дар намоиш зиёда аз 60 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷики Осорхонаи миллӣ ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи халқи куҳанбунёди тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Ин намоиш бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, зимни ифтитоҳи он директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, муовини Раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Савсан Шарифзода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авесто» Гулистон Пиракова, директорони мактабу боғчаҳо, осорхонаю китобхонаҳо инчунин намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва ВАО иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи шакли хурди намоиши «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ»– ин амалӣ намудани дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар ҷиҳати шиносоӣ бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон, нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва ба ин васила  тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.

Ҳамчунин дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши мазкур баъд аз бозгашт аз Ҷумҳурии Фаронса 25 феврал соли  равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки то 25 августи имсол идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 18, 2022 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст