«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба, тарғиби имконоти сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-сарзамини обҳои шифобахш» Форуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, сафоратхонаҳои муқими Душанбе, коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доштанд.
Пеш аз оғози кори форум меҳмонону иштирокдорон аз намоишгоҳи имконияти сайёҳӣ дидан намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз намуд, ки «ҳадаф аз баргузории форуми имрӯза — муаррифӣ намудани мавзеъҳои шифобахши истироҳатии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо мебошад. Зеро мамлакати мо бо доштани мавзеъҳои табиии диққатҷалбкунанда, мавзеъҳои солимгардонӣ ва обҳои шифобахшаш машҳур мебошад. Бо ташаббус ва имконияти Ҳукумати мамлакат дар кишвар якчанд осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо фаъолият менамоянд, ки дар онҳо тамоми шароит мухайё гардидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имконоти обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд.
Табиати Тоҷикистон бо гуногунрангӣ ва мавҷудияти кӯҳҳову доманакӯҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, дар он барои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебарояд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, якчанд намуди онҳо дар дунё нодиртарин ба шумор мераванд.
Тавре Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иброз дошт, «Сарвари давлат борҳо дар минбарҳои баланд табиати нодир ва обҳои шифобахши Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд. Ҳоло моро зарур аст, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллат ин мавзеъҳои диққатҷалбкунандаро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Махсусан мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи шаҳри Ҳисорро, ки яке аз онҳо Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ мебошад».
Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Бояд гуфт, ки марказҳои солимгардонию табобатии мамлакати мо хусусияти фавқулодаи табобатбахширо доро мебошанд. Онҳо сохтори такмилёфтаву рушдкарда дошта, аз ҷойҳои диққатҷалбкунандаи кишварҳои хориҷӣ камӣ надоранд.
Ҳоло дар Тоҷикистон қариб ба тамоми минтақаҳои дорои захираҳои сайёҳӣ, табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла обҳои минераливу шифобахш, пиряхҳо ва дарёву кӯлҳои мусаффо хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, имконияти ин минтақаҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода мешаванд.
Тавре котиби якуми Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Илишев дар ҷараёни ҳамоиш зикр намуд, «баргузории форум имкон медиҳад, ки мо бо якдигар мубодилаи афкор намуда, аз имконияти соҳаи сайёҳии якдигар бохабар гардида, ҳамкориро густариш диҳем. Зеро имрӯз соҳаи сайёҳии ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ ба муаррифӣ ва ҳамкорӣ ниёз доранд».
Дар идомаи форум аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳаи об дар мавзӯи «Обҳои шифобахши мамлакат — омили ҷалби сайёҳон» маърузаҳо ироа гардиданд.
Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокдорон доир ба маърузаҳо ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва саҳми он дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.
Иштирокдорони ҳамоиш изҳори умедворӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳӣ дар минтақа мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар форум бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни субъектҳоои хизматрасони сайёҳии ватанӣ ва кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Ҳамчунин ба якчанд ширкатҳои навтаъсис иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорида шуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






