Тоҷикистон ва Корея лоиҳаи навро бар зидди биёбоншавии ҷангалҳо ба роҳ мемонанд

Июль 28, 2022 14:12

ДУШАНБЕ, 28.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея лоиҳаи нави «Баланд бардоштани иқтисодиёти ҷангал ва фермерӣ бо роҳи ташкил кардани плантатсияҳои саноатии хуч, писта ва ҷангалҳо алайҳи биёбоншавӣ дар Тоҷикистон»-ро ба роҳ мемонад. Лоиҳаи мазкур айни замон дар баррасии Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея қарор дорад.

Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода дирӯз зимни нишасти матбуотии агентии мазкур иттилоъ дод, ки муҳлати амалишавии ин лоиҳа аз моҳи августи соли 2023 то декабри соли 2027-ро дар бар гирифта, маблағи умумии пешбинишуда 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳои зертобеи агентӣ корҳои бунёду барқарорсозии ҷангалзор дар майдони 1739,9 гектар иҷро гардидаанд, ки аз он бунёди ҷангал дар майдони 584,8 гектар ва барқароркунии он дар майдони 1155,1 гектарро ташкил медиҳад.

«Дар ин давра ба миқдори умумии 52 ҳазору 839 бех ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда, аз қабили санавбар, туя айлант, акатсия, қарағоч, дроки испанӣ, бодоми талхдона, хуч, шулаш, олучаи кӯҳӣ ва дигар намуди ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ шинонида шуда, корҳои нарм кардани бехи ниҳолҳо бо мақсади нигоҳ доштани намӣ ва қисман обмонӣ ба роҳ монда шуда истодаанд»,- илова намуд Абдуҷаббор Юсуфзода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард