То охири соли 2024 сатҳи фарогирӣ ба пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон ба 100 фоиз расонида мешавад

Июль 29, 2022 18:35

 ДУШАНБЕ, 29.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон ду барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024» ва «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро татбиқ менамояд. Дар шаш моҳи соли 2022 тибқи нақша, вазифаҳои пешбинишуда ба таври қаноатбахш иҷро гардиданд, иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио.

Тавре Раиси Кумита Нуриддин Саид ба хабарнигорон иброз дошт, баъди иҷрои марҳилаи дуюми «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024»  сатҳи фарогирӣ ба пахши рақамӣ дар мамлакат ба 78,7 фоиз ва то анҷоми пурраи барнома  ба 100 фоиз  расонида мешавад.

Дар айни замон сатҳи фарогирӣ дар пахши аналогӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» 99,72 фоиз, «Телевизиони Сафина» — 92,70 фоиз, «Баҳористон» — 89,01 фоиз ва «Ҷаҳоннамо»- 78,96 фоизро ташкил мекунад. Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ «Радиои Тоҷикистон»  88,60 фоиз, «Овози тоҷик» — 57,90 фоиз, «Садои Душанбе» — 65,80 фоиз ва «Фарҳанг»- 59,87 фоиз мебошад. То охири сол дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони анологӣ дар мамлакат барои солҳои 2020-2024» ҳаҷми фарогирӣ ба 80 фоиз расонида хоҳад шуд.


Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Шӯрои бадеии Кумита беш аз 67 барномаи калонҳаҷми телевизионию радиоӣ, филмҳои мустанад, роликҳои иҷтимоию тарғиботӣ, инчунин 46 ролику лавҳа ва зиёда аз 40 оҳангу суруди нав, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии Кумита бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ омода ва пешниҳод гардида буданд, баррасӣ, таҳрир ва такмил гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2022 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд