То охири соли 2024 сатҳи фарогирӣ ба пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон ба 100 фоиз расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 29.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон ду барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024» ва «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро татбиқ менамояд. Дар шаш моҳи соли 2022 тибқи нақша, вазифаҳои пешбинишуда ба таври қаноатбахш иҷро гардиданд, иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио.
Тавре Раиси Кумита Нуриддин Саид ба хабарнигорон иброз дошт, баъди иҷрои марҳилаи дуюми «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024» сатҳи фарогирӣ ба пахши рақамӣ дар мамлакат ба 78,7 фоиз ва то анҷоми пурраи барнома ба 100 фоиз расонида мешавад.
Дар айни замон сатҳи фарогирӣ дар пахши аналогӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» 99,72 фоиз, «Телевизиони Сафина» — 92,70 фоиз, «Баҳористон» — 89,01 фоиз ва «Ҷаҳоннамо»- 78,96 фоизро ташкил мекунад. Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ «Радиои Тоҷикистон» 88,60 фоиз, «Овози тоҷик» — 57,90 фоиз, «Садои Душанбе» — 65,80 фоиз ва «Фарҳанг»- 59,87 фоиз мебошад. То охири сол дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони анологӣ дар мамлакат барои солҳои 2020-2024» ҳаҷми фарогирӣ ба 80 фоиз расонида хоҳад шуд.

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Шӯрои бадеии Кумита беш аз 67 барномаи калонҳаҷми телевизионию радиоӣ, филмҳои мустанад, роликҳои иҷтимоию тарғиботӣ, инчунин 46 ролику лавҳа ва зиёда аз 40 оҳангу суруди нав, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии Кумита бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ омода ва пешниҳод гардида буданд, баррасӣ, таҳрир ва такмил гардиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд






