Устувории роҳҳои муҳими мошингарди Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад

Июль 1, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии  Рушд ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими мошингард, пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, дар ҳолати буҳронӣ ё фавқулода вокуниши фаврӣ ва самарабахш ба ҳолатҳои болозикр мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 35,8 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд