Вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода дар иҷлосияи 29-уми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз 2 то 6 июл дар шаҳри Бирмингеми Британияи Кабир баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои сиёсӣ, башардӯстона, амнияти тамаркузшуда ва ҳамзамон масъалаҳои дигари муҳим, аз ҷумла барқарорсозии иқтисодиёт пас аз пандемияи COVID-19, муҳоҷират, вазъ дар Афғонистон, хариду фурӯши одамон дар иқтисоди ҷаҳонӣ, киберамният ва киберҷиноят, бехатарии ядроӣ ва манъи яроқи ядроӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим, истиқлолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии ВАО ва мубориза бар зидди маълумоти бардурӯғ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар сессияи солона шахсони олирутбаи Британияи Кабир ва САҲА иштирок мекунанд. Ба ғайр аз ҷаласаҳои пленариву умумии кумита дар он ҳамчунин ҷаласаи кумитаи доимии Ассамблея, вохӯриҳои сершумори дуҷониба ва чорабиниҳои иловагӣ баргузор мегарданд.
Акс: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






