Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ: Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сурма таҳвил медиҳад

Июль 21, 2022 14:46

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба ИМА сурма таҳвил намедиҳад. Дар ин бора Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир рӯзи душанбеи 18 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Мо бо амрикоиҳо ягон созишнома  надорем. Корхонаи металлургии «Анзоб» сурма истеҳсол карда, бозорҳои Аврупоро таъмин менамояд», — таъкид кард вазир. Ба гуфтаи ӯ, бахши истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон макони беназир аст. Зиёда аз 52 фоизи захираи ҷаҳонии сурма дар Тоҷикистон мавҷуд аст.

«Мо бояд аз он фахр кунем. Сурма на танҳо барои эҳтиёҷи низомӣ, балки дар саноати кайҳон, инчунин барои сохтани намоҳои баландтарин биноҳои ҷаҳон истифода мешавад. Ин сарвати мост», — гуфт Шералӣ Кабир.

Ба андешаи ӯ, ҳоло Вазорати саноат ва технологияҳои нав стратегияеро таҳия мекунад, то Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сурма мавқеи боэътимод дошта бошад. Ғайр аз ин ҷумҳурӣ имкони таъсиси чанд ширкат, ба мисли «ТАЛКО Голд» дорад. «Соли оянда мо тасмим дорем, ки хатти дуюми ширкати «Талко Голд»-ро ба кор андозем, то ба “бозигари” бузург табдил ёбем», — гуфт Шералӣ Кабир.

Инчунин дар Тоҷикистон  як корхонаи металлургии истеҳсоли сурма на танҳо ба сифати консентрат, балки ҳамчун металл низ бунёд  карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Пентагон  аз он ки захираи сурма дар ИМА ҳамагӣ  то соли 2025 кифоя мекунад, изҳори нигаронӣ намудааст. Илова бар ин, тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), интизор меравад, ки захираҳои мавҷудаи сурмаи ҷаҳонӣ давоми 13 соли оянда ба итмом расанд, менависад нашрияи сиёсӣ ва тиҷоратии амрикоӣ «Defense News».

Тирамоҳ хадамоти Пентагон бояд барои панҷ соли оянда дар бораи интиқоли сурма ба ИМА пешгӯиҳояшонро манзур намуда, роҳҳои алтернативӣ пайдо кунанд. Тавре нашрия  зикр менамояд, Пекин ва Москва ба ҳам наздик мешаванд ва Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати содироти сурма дар ҷойи сеюм қарор мегирад.  Дар ИМА кони охирини истихроҷи ин нимметалл чанд сол пеш коркард шуда буд.

Агентии иттилоотии русии «Спутник» хабар медиҳад, ки қарор аст баъди ба кор андохтани маҷмааи истеҳсолии «ТАЛКО ГОЛД» дар вилояти Суғд тавлиди сурма дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёбад».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истихроҷ ва коркарди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО  ГОЛД» ба истифода дода шуд, ки дар он корҳо  дар асоси лоиҳа ва нақшаи бо усули флотатсионӣ  ғанигардонии маъдан ба роҳ монда шудаанд. Иқтидори ин иншоот дар як шабонаруз 5000 тонна ва дар як сол  1,5 миллион тонна мебошад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истихроҷи тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Истихроҷ ва коркарди маъдан дар конҳои зеризаминӣ ва бо истифода аз таҷҳизот ва технологияҳои муосири ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо ба кор даромадани тамоми иқтидор ин корхона ба бузургтарин маҷмааи коркарди сурма дар Осиёи Марказӣ табдил ёфта, Тоҷикистон аз лиҳози тавлиди сурма пас аз Русия ва Чин дар сегонаи аввал устуворона мақом касб менамояд.

Дар асоси гузориши Хадамоти геологии ИМА, Тоҷикистон аллакай чанд сол боз дар тавлиди сурма дар ҷои сеюм қарор дошта, дар як сол ҳудуди 15 ҳазор тонна нимметалл истеҳсол  мекунад. Русия дар ҷои дуюм (30 ҳазор тонна) ва Чин бо фарқияти зиёд (100 ҳазор тонна) дар садри рӯйхат қарор доранд. Солҳои охир тавлиди сурма дар Русия дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки он дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Бино ба маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ, ду-се сол пеш Тоҷикистон аз рӯи тавлиди сурма дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия ва Боливия дар ҷои чаҳорум қарор дошт. Тоҷикистон ҳамчунин аз рӯи захираҳои собитшудаи сурма дар Осиё дар ҷои сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва дар байни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст. Камарбанди симобӣ-сурмавии Зарафшону  Ҳисори Тоҷикистон  иқтидори калони металлогении ин металлоидро дорост, ки дар панҷ ноҳияи  маъдании  кишвар  ҷамъ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки сурма яке аз унсурҳои кимиёвии  системаи Д.И. Менделеев буда, нимметали хокистарии дурахшон мебошад, ки дар табиат ҳамчун стибнити минералии сулфидӣ мавҷуд аст. Рақами атомии сурма 51 буда, рамзи химиявии он Sb мебошад, ки аз истилоҳи лотинии сурма бармеояд. Пайвастҳои сурма, ки маъмулан бо номи арабии «кол» маъруфанд, аз замонҳои қадим ҳамчун  маводи ороишӣ  ва доруворӣ истифода мешуданд.

Сурма миёни   молҳои аз ҳама серсавдо дар ҷаҳон дар ҷои 1158-ум қарор дорад. Онро дар ғилофҳои кабелӣ, металлҳои дорои соиши паст, батареяҳо, инчунин истеҳсоли ранг, лак, шиша, қубур, сафол, масолеҳи сирдор ва ба оташ тобовар ва якчанд лавозимоти ҷангӣ, инчунин кулолгарӣ ва дорусозӣ истифода мебаранд.                 

  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2022 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд