Юсуф Рабиев изҳор дошт, ки тими занонаи Тоҷикистон кӯшиш мекунад дар ҳар бозии CAFA-2022 ҳунарнамоии беҳтарин нишон диҳад
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки дар ҳар бозии CAFA-2022 ҳунарнамоии беҳтарин нишон диҳад. Ин интизориҳои худро сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев аз Чемпионати нахустини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баён кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мавсуф тазаккур дод, ки чемпионати CAFA мусобиқаи хеле муҳим ва муфид аст. Ҳама дастаҳо чаҳор бозӣ мекунанд ва таҷрибаи бебаҳо мегиранд.
Бино ба андешаи ӯ, фаворитҳои асосии чемпионат дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон ба шумор мераванд, дастаҳои боқимонда тақрибан дар як сатҳанд.
«Мо аз бозӣ ба бозӣ омода мешавем. Рақиби аввалини мо тими миллии Туркманистон аст. Бозӣ осон нахоҳад буд, аммо мо танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем», — иброз дошт Юсуф Рабиев.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур дастаи Тоҷикистон бо яккачинҳои Туркманистон (8 июл), Узбекистон (11 июл), Эрон (14 июл) ва Қирғизистон (20 июл) бозӣ мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






