Завқӣ Завқизода: «Рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ таъмин гардид»

Июль 14, 2022 14:46

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рушди иқтисоди кишвар ҳарчанд дар соли равон дар сатҳи 7,4% дарсад таъмин гардида бошад, суръати он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 % коҳиш ёфт. Дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Вазир илова кард, ки таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли равон бозгӯи он аст, ки таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла бӯҳронҳои глобалии иқтисодию энергетикӣ ва озуқаворӣ ба баъзе соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз қабили савдою хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ, ки соҳаҳои осебпазиранд, эҳсос мегардад.

«Дар ин росто, бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар дар асоси дастури Президенти мамлакат Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат таъсис дода шудааст», -тазаккур дод ў.

Ба гуфтаи Вазири рушди иқтисод ва савдо, новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Сарвари давлат ба Парлумони мамлакат, маҷлисҳои Ҳукумати кишвар, сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат таъсири аз ин бештари омилҳои берунӣ тавассути андешидани чораҳои зиддибуҳронӣ то андозае пешгирӣ гардида, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид. Дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 %, кишоварзӣ 7,2 %, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 %, боркашонӣ 18,7 %, хизматрасонии пулакӣ 12,8 %, мусофиркашонӣ 11,1 %, гардиши савдои дохилӣ 8,6 % ва гардиши савдои хориҷӣ 14,6 %таъмин гардид.

Завқӣ Завқизода ҳамчунин иброз дошт, ки сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли равон 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд буда, аз ҳисоби 7 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва 2,3 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон дар ин давра, дар соҳаи саноат барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ 137 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 1296 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 19,1 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 17,3 фоизро ташкил дод.

«Суръати рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 17,9 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард, 8,3 фоиз истихроҷ, 18 фоиз таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 10,2 фоиз таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст»,-гуфт ў.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2022 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд