14 нафар хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Томски Русия роҳхат гирифтанд

Август 1, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 нафар хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия роҳхат гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора 28 июл зимни мулоқоти ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Томск Николай Погодаев хабар дода шуд.

Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон аз рӯи равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба мувофиқа расидаанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанд донишгоҳи Федератсияи Русия равобити судманд дошта, ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф густариш меёбад. Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷумлаи донишгоҳҳое мебошад, ки имрӯз равобиту ҳамкории ДМТ  бо он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкории илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Акс: ДМТ

Август 1, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд