2 август Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Август 1, 2022 11:46

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 август Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотиро соати 08:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», ошёнаи 3) доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 10:00 дар Кумитаи кор бо занон ва оила (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Август 1, 2022 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст