Агентии хизмати давлатӣ: дар 101 ҷамоати шаҳраку деҳот ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият надорад
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 101 ҷамоати шаҳраку деҳоти мавриди санҷиш қароргирифта ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият надошта, талаботи банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», яъне дар яке аз вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷамоатҳо фаъолият намудани занон таъмин нагардидааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Ҷумъа Давлатов ба хабарнигорон иброз намуд.
Мавсуф гуфт, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 348 ҷамоати шаҳрак ва деҳот 2817 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки дар он 2016 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд. Аз ин шумора 352 нафар ё 17,5 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 6,4 банди фоизӣ кам мебошад.
«Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти «Чоруқдаррон», «Зарнисор» ва «Навгарзан»-и шаҳри Гулистон, «Ворух», «Нефтобод», «Зумрад»-и шаҳри Исфара, «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Шамтуч»-и ноҳияи Айнӣ, «Панҷ»-и ноҳияи Панҷ, «Фирўза», «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав, «Урта Назаров», «Носири Хусрав»-и ноҳияи Қубодиён, «Қадриддин Ғиёсов», «Ифтихор» ва «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Машъал»-и ноҳияи Вахш, «Обикиик»-и ноҳияи Хуросон, «Деҳқонобод»-и ноҳияи Фархор, «Файзобод», «Вашгирд»-и ноҳияи Файзобод, «Регар»-и шаҳри Турсунзода, «Лучоб», «Зидеҳ»-и ноҳияи Варзоб, «Навобод», «Нусратулло Махсум», «Ҷафр», «Оби меҳнат», «Ясман», «Қалъаи Сурх»-и ноҳияи Рашт, «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод, «Пилдон», «Сартало», «Лахш»-и ноҳияи Лахш, «Тавилдара», «Ваҳдат», «Заршўён»-и ноҳияи Сангвор, «Ширинчашма»-и ноҳияи Тоҷикобод дар давраи санҷиш ҷавонони то 35-сола фаъолият надоштанд»,- гуфт ӯ.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки то 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18576 нафар, теъдоди занҳо 4438 нафар ё 23,9 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 8897 нафар ё 47,9 фоиз, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,1 солро ташкил медиҳад.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






