Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 10-ум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Сингапур иштирок намуд

Август 30, 2022 16:45

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар Форуми 10-ум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 29-30 август дар Сингапур доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар форум дастовардҳои кишварҳои минтақа вобаста ба масъалаҳои марбут ба содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳаи савдо, бартараф намудани пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19, инчунин иштироки самараноки корхонаҳои хурду миёна ва кишварҳои камтараққикарда дар низоми савдои бисёрҷониба муаррифӣ карда шуданд.

А. Абдураҳмонзода дар панели сатҳи баланд сухан гуфта, зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор доранд, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо, аз ҷумла Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои лоиҳаҳои минтақавӣ ва тақвияти ҳамгироии савдои минтақавӣ мусоидат менамоянд.


Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчун роҳбари гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо дар робита ба дастовардҳои кишварҳои СПЕКА ва лоиҳаҳои татбиқшавандаи минтақавӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва дурнамои тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар робита ба ин барои расидан ба ҳадафу вазифаҳои санадҳои қайдгардида ва лоиҳаҳои татбиқшаванда ҷиҳати таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ҷалби сармояи хориҷӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд зарур арзёбӣ карда шуд.

Дар форум аз ҷониби коршиносони созмонҳои байналмилалӣ таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъол гардонидан Портали савдои Тоҷикистон, инчунин «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» ҳамчун ислоҳоти назаррас миёни кишварҳои минтақа арзёбӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи Форум дар Сингапур Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд /БОР/ Алберт Парк мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро баррасӣ намуданд. Вобаста ба сатҳи ҷории ҳамкории мавҷуда миёни тарафҳо, лоиҳаҳои татбиқшаванда аз ҷониби БОР, барномаву ҳуҷҷатҳои стратегии Тоҷикистон ва ислоҳоти амалигардида дар самти савдо, аз ҷумла Портали савдои Тоҷикистон, низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» маълумот пешниҳод гардида, иштироки БОР дар татбиқи онҳо зарур арзёбӣ гардид.

Намояндаи БОР аз дастовардҳои ҷониби Тоҷикистон истиқбол намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкорӣ иброз намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Август 30, 2022 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд