Қатораи мусофирбар дар хатсайри Кӯлоб–Волгоград–Кӯлоб ҳафтаи оянда ба роҳ мебарояд

Август 9, 2022 16:45

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 август, соати 00:10, қатораи мусофирбари хатсайри Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб, 27 август қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе– Волгоград–Душанбе ва 7 сентябр қатораи хатсайри Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ба сафар мебароянд. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Арзиши чипта дар қатораҳои мусофирбари байналмилалии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар хатсайри Кӯлоб — Волгоград –Кӯлоб дар  вагонҳои  пласкартӣ — 1580 сомонӣ, дар  вагонҳои купе   2040 сомонӣ муқаррар гардида, нархи чипта  дар дигар хатсайрҳо  дар мувофиқа бо кишварҳое, ки  қатора сарҳадҳояшонро убур мекунад, муайян карда мешавад.

Ҳаракати қатораҳо   баъд аз ду соли маҳдудият  дар хатсайрҳои қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ  ба самти Русия дар робита ба паҳншавии бемории  COVID-19 пас аз гуфтушунидҳои сатҳи олӣ ва роҳбарияти роҳи оҳани ҳарду кишвар дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  барқияи роҳи оҳани Федератсияи Русия  ба роҳ монда шуд.

АКС: Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2022 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид