БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 808 иншооти гуногун бунёд мегарданд
ВАҲДАТ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 808 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки аз ин шумора 92 адад корхонаҳои саноатӣ, 119 адад синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ ва 419 адади дигар марказҳои хизматрасонӣ мебошанд. Дар ин бора масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ 4 адад бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимии №3, биноҳҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Мувофиқи нақшаи генералӣ, дар маркази шаҳри Ваҳдат барои бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зиёда аз 60 адад қарорҳои раиси шаҳр ба тасвиб расидаанд, ки дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 20 иншооти баландошёна оғоз гардида, муташаккилона идома доранд.
Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр саъю кӯшиш доранд.
То ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр иншооти боқимондаи ҷашнӣ, аз қабили навсозии пулу роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасонӣ пурра бунёд шуда, дар сатҳи олӣ ба истифода дода мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






