БА ШАРАФИ СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Бадахшон талабот ба маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоли плитаҳои бетонӣ ва санг меафзояд

Август 3, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи плитаҳои бетонии ҶДММ «Хуҷаназар» зиёд шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ҳамзамон ширкатҳои сохтмонӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят супориш гирифтаанд, ки танҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои маҳаллиро харидорӣ намоянд. Дар чунин маврид истеҳсоли бештари ин маҳсулот ба манфиати кор аст.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз корхонаи плитаҳои бетонии ҶДММ «Хуҷаназар» боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд. Ба роҳбарияти корхонаи мазкур дастур дода шуд, ки ба доираи фаъолияташон тавсеаи бештар бахшанд.

Ҳамчунин раисон бо фаъолияти корхонаи коркарди санги «Помир стоун» шинос шуданд.

Масъулини корхона супориш гирифтанд, ки истеҳсол ва коркарди санги маҳаллиро ҳарчи бештар ба роҳ монда, иншооти сохташавандаро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоянд, ки ин иқдоми хубе барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мегардад.

Акс: МИҲД ВМКБ

Август 3, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд