Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои баландошёна ҷараён дорад

Август 20, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 20.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ғайра бомаром идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни боздид бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо дар маркази маъмуриии вилоят шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи ҶДММ «Доро Инвест», ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, иттилоъ дода шуд, ки сармоягузори корхона соҳибкори маҳаллӣ Абдуаҳад Тоҷибоев буда, таҷҳизот асосан аз давлати Олмон дастрас карда шудаанд.

Фаъолияти асосии коргоҳ ба  истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ равона карда шудааст. Баъди ба истифода додани корхона 300 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси вилоят ба соҳибкор дастур дод, ки ҷиҳати суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва зеббахшии ҳудуди корхона тадбирҳои мушаххас андешад.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо фармоиши Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бомаром идома дорад.

Сохтмони мазкур аз 4 ошёнаи барҳаво иборат буда, аз синфхона, китобхона, ошхона, толори маҷлис, инчунин синфхонаҳои озмоишгоҳии фанҳои дақиқ, синфхонаҳо барои таълими меҳнат, ҳуҷраи муаллимон ва толори варзишӣ иборат мебошад. Ҳангоми боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони 2 адад бинои истиқоматии 12-ошёна, дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ, дар назди бино майдонча барои бозии бачагона, воқеъ дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ аз тарафи ҶДММ «Эҷод» ва ҶДММ «Муъмин стар» сохта ва ба истифода дода мешавад.

Сохтмони дигари бинои истиқоматии 12-ошёна бо пентхаус (болохона), дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ. дар назди бино майдонча барои бозии бачагон ва таваққуфгоҳ барои нақлиёти сабукрав, воқеъ дар кўчаи Гагарин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳусайнов Фаррух бомаром идома дорад.

Инчунин дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр сохтмони бинои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминӣ бо назардошти майдончаи варзишии бачагона ва ҷойи дамгирии сокинон аз тарафи ҶДММ «Ҳамдастӣ-2013» сохта шуда истодааст. Сармоягузорон соҳибкорони маҳаллӣ мебошанд. Сохтмони мазкур аз 2 адад бинои 12-ошёна бо пентхаус ва дар ошёнаҳои якум ва дуюм марказҳои савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Баъди ба истифода додани корхона зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин ҷиҳати фаъол намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва истифодаи масолеҳи ватанӣ дар иншооти бунёдшаванда дастуру супоришҳо дод.

АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 20, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд