Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Дарвоз мусоидат менамояд

Август 8, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025, ки мавриди амал қарор дорад, ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия  ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ин матлаб 6 август зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар татбиқи барномаи мазкур 106 чорабиниҳо ба маблағи 405,3 млн сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 26,8 млн сомонӣ ё 6,6 фоиз, буҷети маҳаллӣ- 860 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), бахши хусусӣ- 4,9 млн сомонӣ (1,2 фоиз), буҷети вилоятӣ- 4,7 млн сомонӣ (1,1 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 364,8 млн сомонӣ (90,0 фоиз) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи бомарому самараноки барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.

Дар мулоқот масъалаи тақвият додани ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Август 8, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад